Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд https://t.co/KGd3zVLFFP
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 30, 2023
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд
.2023 , шаҳри Хуҷанд
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон – Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.
Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.
Бояд гуфт, ки бо дарназардошти моҳият ва табиати башардӯстонаву инсонгароёнаи Наврӯз аз соли 2010 сар карда, ин ойини бостонӣ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад. Яъне бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Наврӯз рисолат ва нақши он дар самти густариши ҳамкориву табодули фарҳангҳо, ҳусни тафоҳуми байни миллатҳо ва таҳкими сулҳу субот дар миёни халқҳои олам боз ҳам тақвият пайдо намуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҳама арзишҳои ҷовидонӣ ва аҳаммияти умумибашарии Наврӯз барои мо – тоҷикон дар баробари забони ширину шевои тоҷикӣ, таърих, илм ва адабиёту фарҳанги пурғановати бо ин забон таълифшуда мояи ифтихору сарфарозӣ ва беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳӣ мебошад.
Ба андешаи Сарвари давлат яке аз омилҳои муассиру тавонои пояндагии миллати мо ин мавҷудияти силсилаҷашнҳои аҷдодӣ, аз қабили Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон мебошанд.
Изҳори умед карда шуд, ки халқи куҳанбунёду сарбаланди мо бо ин ҷашни хуршедии худ боз ҳазорсолаҳои дигар миёни мардуми олам шуҳратёр хоҳад буд.
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд https://t.co/KGd3zVLFFP
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 30, 2023
Чун ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир мегардад, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми содиқонаи сокинони ватандӯсту меҳнатқарини шаҳри бостонии Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро дар таъмини рушди устувори иқтисоди мамлакат ва пешрафту ободии кишвари азизамон, таъкид намуданд.
Зимни натиҷагирӣ аз тадбирҳои ободонию созандагӣ, дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар Сарвари давлат изҳори бовар карданд, ки сокинони шарафманди вилояти Суғд дар оянда низ барои пешрафту ободонии мамлакат ва истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз, сокинони ватандӯсту заҳматкаши вилояти Суғд ва ҳозиринро ба ифтихори Соли нави аҷдодӣ – ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик гуфта, ба Тоҷикистони биҳиштосоямон сулҳу оромии ҷовидонӣ ва пешравиҳои рӯзафзун орзу карданд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар макони баргузории чорабинии идонаи наврӯзӣ – варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд барномаи бошукуҳи консертӣ, ки ифодакунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, расму суннат ва оинҳои накуи наврӯзӣ мебошад, доир шуд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30361?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд https://t.co/KGd3zVLFFP
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 30, 2023