Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко – Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко – Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко – Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

ABONE OL
1 Nisan 2023 22:11
Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко – Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

 

Ба истифода додани корхонаи парандапарварии ҶДММ “Анко – Инвест” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхона

01.04.2023 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар рӯзи чоруми сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко – Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур истеҳсоли гӯшти аълосифати парандаро ба роҳ мондааст ва таҳти тамғаи “Савиа” маҳсулоти худро ба харидорон пешниҳод менамояд.

Корхонаи парандапарварӣ дар асоси муосиртарин технологияи соҳавӣ бунёд гардида, иқтидор дорад дар як марҳила, ки то 45 рӯзро дар бар мегирад, 350 ҳазор сар чӯҷа парвариш намояд. Ба ҳамин шакл дар 1 сол бо роҳандозии 5 марҳилаи парвариш, дар фермаҳои навбунёди ин корхона 1 миллиону 750 ҳазор сар мурғ нигоҳубин ва аз он гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол карда мешавад.

 

 

 

 

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур имконият дорад, ки дар 1 сол 3850 тонна гӯшти аълосифат истеҳсол ва ба бозорҳои мамлакат барорад.

Чӯҷаҳои бройлерӣ, ки барои парвариш ва истеҳсоли гӯшти аълосифат хеле мувофиқ мебошанд, дар давоми 45 рӯз аз 2 то 2,5 килограмм вазн гирифта, нигоҳубини онҳо мувофиқи талаботи соҳавӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар 4 фермаи корхонаи парандапарварии “Анко – Инвест” парвариши мурғ бо усули қафасӣ роҳандозӣ шуда, ин шакли нигоҳубин дар байни корхонаҳое, ки ба истеҳсоли гӯшти мурғ машғуланд, таҷрибаи аввал ба ҳисоб меравад. Агар дар фермаҳои маъмулӣ то 25 ҳазор сар паранда нигоҳубин шавад, дар фермаҳое, ки дорои системаи қафасии нигоҳубинанд, дар як вақт то 50 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад. Дар ин баробар, тамоми ҷараёни кор ба таври автоматӣ роҳандозӣ шуда, обу хӯрок низ ба парандагон ба шакли худкор таъмин мешавад. Технологияи наву муосир ҳамчунин имконият медиҳад, ки ваксинаи парандагон низ ба таври автоматӣ, бо омехтасозӣ ба хӯрок таъмин карда шавад. Дар маҷмуъ, тамоми фермаҳои корхонаи мазкур бо хатҳои муосир, ки барои нигоҳубини парандагон зарур аст, таъмин буда, онҳо ба таври худкор фаъолият менамоянд. Яке аз бартариятҳои дигари иншооти мазкур ин назорати компютерии ҳавои дохили фермаҳо буда, муътадилии ҳаво ба воситаи дастгоҳҳои замонавӣ таъмин карда мешавад. Хусусан системаи насбгардида, ки бо об фаъолият мекунад, дар гармиҳои аз меъёр зиёд ҳавои салқинро дар дохили ферма таъмин менамояд.

Корхонаи мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини аҳолии мамлакат бо гӯшти хушсифати парҳезии ватанӣ бунёд шуда, дар он 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ, корхонаи парандапарварии “Анко-Инвест” аз 10 мурғхонаи калон иборат буда, он дар масоҳати беш аз 9 гектар замин бунёд гардидааст.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар оянда ҳамчунин марҳилаи дуюми бунёди фабрикаи мазкур бо 60 ҷойи корӣ ва бо иқтидори истеҳсоли 3850 тонна гӯшти парҳезӣ дар як сол ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин ҳадаф аст, ки як сехи забҳи паранда ва сехи инкубатсионӣ ба хотири таъмини эҳтиёҷот бо чӯҷа сохта ба истифода дода шавад.

Дар саҳни корхонаи навбунёд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти ин корхона ва дигар коргоҳҳои “Анко – Инвест”, ки дар самти истеҳсоли тухми мурғ ва хуроки паранда фаъолият менамоянд, боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон ҷамъият таҳти тамғаи миллии “Фаровон” хӯроки чорвои калону майда, хӯроки омехтаи паранда, хӯрок барои моҳӣ ва ҳамчунин гӯшту тухми мурғ истеҳсол менамояд. Дар ду корхона истеҳсоли хӯроки паранда роҳандозӣ шудааст ва саҳми ин коргоҳҳо дар таъмини эҳтиёҷоти бахши парандапарварии мамлакат бо хӯрок хеле назаррас мебошад. Аз ҷумла, иқтидори корхонаи дуюми “Анко – Инвест”, ки соли 2022 ба истифода дода шуд, дар як сол истеҳсоли 175 ҳазор тонна хӯроки паранда ва чорво мебошад. Эҳтиёҷоти корхонаи навбунёд бо хӯроки паранда дар худи ҷамъият бароварда мешавад.

Ҳамчунин иброз гардид, ки “Анко-Инвест” таҳти тамғаи “Дӯстон” истеҳсоли тухми мурғро низ роҳандозӣ намудааст. Айни замон дар фермаҳои ин коргоҳ 225 ҳазор сар паранда парвариш карда мешавад ва соли 2022 аз ин корхона 51 миллион дона тухм ба фурӯш бароварда шудааст.

Соҳибкорон ба Пешвои муаззами миллат барои дастгирии ҳамешагӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушд изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки минбаъд ҳам барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ҳамаҷониба саъй хоҳанд кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гуногунсамтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Анко – Инвест” баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор карданд, ки ҳамеша ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ ва рақобатпазир будани он диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30411?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ