Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ

Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ

ABONE OL
8 Temmuz 2023 11:18
Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

Ифтитоҳи бинои иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ

.2023 , ноҳияи Мастчоҳ

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави иловагии Маркази ташхисию табобатии “Сино” оғоз бахшиданд.

 

 

 

 

Бинои Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ бунёд шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Дар таҳхонаи он 2 толори муосири варзишии табобатӣ, бойгонӣ ва ҷойи нигоҳдории ашёи мулоим ташкил карда шудааст. Ошёнаи якуми бино дорои 2 ошхона барои то 150 нафар, бахши табиатшифоӣ, ҳуҷраи кормандони тиб барои муоина ва дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм бошад, ҳуҷраҳои доругузаронӣ, истироҳатӣ ҷойгир карда шудаанд.

Сохтмони бинои нав моҳи июни соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби бинокорони ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаворид” дар муддати 2 сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои нав барои табобат ва истироҳати то 40 нафар дар як вақт шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баҳри ташхиси дақиқ ва табобати саривақтии шаҳрвандон 5 намуди таҷҳизоти навӣ тиббӣ, амсоли рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо, дастгоҳи автоматии умумии ташхиси хун ва дигар таҷҳизоту воситаҳои муосири тиббӣ харидорӣ гардида, имконияти ташхисию табобатӣ ва истироҳат ба замони муосир мутобиқ карда шудааст.

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои иловагӣ 12 нафар мутахассиси соҳаи тиб, дар маҷмӯъ беш аз 100 нафар, аз ҷумла хатмкунандагони коллеҷу Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо кор таъмин шуданд.

Дар ҳуҷраҳои истироҳатӣ рахти хоб бо матоъҳои миллӣ оро дода шуда, ҷевон ва мизу курсии нав мавҷуд мебошад ва барои тамошои шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият фароҳам мебошад.

Дар Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ табобат бо усулҳои маъмули тиббӣ, табиатшифоӣ, сӯзандармонӣ, маҳси дастии барқӣ, лазерӣ сурат гирифта, ташхису табобати бемориҳои системаи ҳаракату такягоҳ, асаб, амрози дарунӣ дар умум 25 номгӯи табобат анҷом дода мешавад.

 

 

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои наву замонавӣ, фароҳам овардани шароти ҷавобгӯ ба замони муосир, имконияту зарфияти фароҳамгардида баҳри ташхису табобат ва истироҳат баҳои баланд доданд.

Зимни суҳбат бо кормандони Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар ноҳияи Мастчоҳ истифода аз имконият, муоширати хуб бо истироҳаткунандагон ва ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаи тиб ба кор дастуру супоришҳои муфид доданд.

Роҳбарият ва кормандони ин маркази табобатӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани имконияти мусоид, дастгирии ҳамешагии намояндагони бахши хусусӣ, ки чунин фазою шароит омили рушди соҳа ва бунёди чунин муассисаҳои замонавӣ гардидааст, сипосу миннатдории хешро баён доштанд.

Дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди мамлакат, фазои хуби соҳибкорӣ ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор, муассиси ин маркази ташхисию табобатӣ Боймаҳмад Султонов иқдом намуд, ки баҳри таъмини талаботи аҳолӣ бо бунёди бинои нав фаъолиятро васеъ намояд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31020?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.