Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк – Валтер Штайнмайер
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк – Валтер Штайнмайер

Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк – Валтер Штайнмайер

ABONE OL
2 Ekim 2023 10:09
Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк – Валтер Штайнмайер
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

 

Иштирок дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк – Валтер Штайнмайер

.2023 , Олмон

 

 

 

 

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” дар нишасти Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

 

 

 

Зимни нишаст масоили ҳамкории минтақавии ҷонибҳо ва рӯзномаи ҳамоиши “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” баррасӣ гардид.

 

 

 

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии самимии роҳбарияти кишвари мизбон ва имкони дидору мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ оид ба тавсеаи робитаҳои минтақавӣ ва дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, афзоиши ҳаҷми гардиши мол, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ андешаронӣ намуданд.

Дар баробари ин зарур шумурда шуд, ки ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти сармоягузорӣ, дар бахшҳои гуногуни саноат, обу энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва сайёҳӣ фаъол карда шавад.

Зимни баррасии масоили ҳамкории амниятӣ ба мавзӯи афзоиши таҳдиду хатарҳо, аз он ҷумла вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Инчунин Сарвари давлат оид ба имкониятҳо ва зарфиятҳои мавҷудаи кишвар ва инчунин самтҳои афзалиятноки мутақобилан судмандро таъкид намуданд.

Дар охири суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.

 

 

Маводҳо доир ба мавзӯъ:

Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Олмон

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31551?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.