Суҳбати телефонӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Суҳбати телефонӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров

ABONE OL
15 Ocak 2023 18:35
Суҳбати телефонӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров

2023 , шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони давлатҳо ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд.

Сарони ду давлат натиҷаҳои аз ҷониби кишварҳо тӯли сӣ соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо бадастомада, ҳамчунин, таҷрибаи мусбии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро қайд карданд. Муҳиммияти ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид гардид.

Дар иртибот ба ин, ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки тайи замони ахир 100,25 километри хатти гузариши марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Ба ин манзур хатти сарҳади то имрӯз мувофиқашуда дар маҷмӯъ 625 километр ё 63 фоизи тӯли умумии онро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни гуфтугӯи телефонӣ инчунин атрофи масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом ёфт.

 

kaynak:http://www.president.tj/node/29968?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.