Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ

Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ

ABONE OL
8 Temmuz 2023 09:55
Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ

.2023 , ноҳияи Мастчоҳ

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

 

 

 

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷидид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани боз 200 нафари дигар имконпазир аст.

Дар ин марҳилаи истеҳсолот дар маҷмуъ шумораи кормандон ба 500 нафар расонида мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 – 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.

Эҳёи дубораи корхона қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар вилоят калонтарин корхонаи ресандагӣ буда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагин аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Хитой ва Туркия васлу насб шудааст ва ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас карда мешавад.

 

 

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот аз масъулони дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави кориро тақозо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда – ресмони пахтагин имрӯзҳо ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад. Ҳамзамон ҷамъияти мазкур имконият дорад, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо риштаи пахтагин таъмин намояд.

Тибқи маълумот, дар давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 дар ин маҷмааи калони ресандагӣ наздики 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол карда шудааст.

 

 

 

 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сармоягузорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” дастур доданд, ки дар оянда истеҳсоли ришта дар як сол ба 8 ҳазор тонна расонида шуда, бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, хусусан коркарди пурраи аёши хом, дар ин ҷо чор марҳилаи комили истеҳсолот, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Дар оянда анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки дар мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёбад. Масъулони корхонаи ресандагӣ нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли пахтаро ҳам ба роҳ монанд.

Сармоягузорон ваъда доданд, ки корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба истифода дода мешавад ва барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ бошад, нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.

 

 

 

 

Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти тайёр иттилоъ дода шуд, ки ширкати “Зелал” дар як қатор кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон корхонаҳои истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиро таъсис додааст ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ низ бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммали истеҳсолӣ ба коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ комёб хоҳад шуд. Таъсиси чунин корхонаҳо аз як ҷониб ба таъмини пурраи бозори дохилу хориҷ бо маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ бо нишони “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат кунад, аз тарафи дигар боис ба он мегардад, ки ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31011?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.