Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

ABONE OL
10 Haziran 2023 09:22
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар
0

BEĞENDİM

ABONE OL

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар

.2023 , шаҳри Душанбе

 

 

 

Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

 

 

 

Зимни мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимод ҷараён гирифт, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ҷараёни баррасии роҳҳои тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ зарурати густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду кишвар ва аз ҷараёни рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд.

Тоҷикистон, дар баробари таъйиди таҷрибаи неки муштарак, алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкориҳояш бо Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ иброз дошт.

 

 

 

Қобили зикр аст, ки дар ин самти шарикӣ ду кишвар ҳанӯз имкониятҳои васеъ доранд ва истифодаи ҳарчи фаъоли онҳо ҷавобгӯи манфиатҳои тарафҳо мебошад. Татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи маҷмааи “Диёри Душанбе” аз ҷониби ширкати “Диёр”-и Қатар намунаи ҳамкориҳои самараноки ду кишвар дар ин ҷода арзёбӣ гардид.

 

 

 

Истифода аз имкониятҳои фаровон дар соҳаҳои энергетика, бахшҳои мухталифи саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди маъдан, металлургияи сиёҳу ранга, кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои ҳар ду кишвар судманд номида шуд.

Мавҷудияти имкониятҳои васеи ҳамкориҳои судманду дарозмуддати байни ду кишвар ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ, бахусус оби нӯшокӣ ва меваҷоту сабзавоти хушсифати аз лиҳози экологӣ тоза низ мавриди музокира қарор гирифт.

 

 

 

Ҷонибҳо зимни мулоқот ба масъалаи баргузории форумҳои соҳибкорӣ ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ду кишвар дар қаламравҳои ҳамдигар ва ба фаъолияти самарабахши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар рафти мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, ифтитоҳи хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконияти густариши робитаҳои фарҳангиву башарӣ, бахусус, дар арсаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ ибрози назар карданд.

Ба ҷониби Қатар барои кумаки беғаразона дар бунёди “Масҷиди ҷомеи марказии Душанбе” сипоси самимии мардуми Тоҷикистон расонда шуд.

 

 

 

Дар рафти музокирот мавзуъҳои умдаи минтақавию байналмилалӣ ва масъалаҳои рушду таҳкими минбаъдаи шарикии ҷонибҳо дар доираи сохторҳои бисёрҷониба – дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

 

 

Ба Давлати Қатар барои дастгирии доимии иқдомоти глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” изҳори миннатдорӣ карда шуд.

Дар фарҷоми мулоқот Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки бори аввал дар даври ниҳоии Ҷоми футболи Осиё ширкат меварзад, муваффақият орзу карданд. Мавриди зикр аст, ки Ҷоми футболи Осиё моҳҳои январ-феврали соли 2024 дар пойтахти Давлати Қатар баргузор мегардад.

 

 

 

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қатар

kaynak:http://www.president.tj/node/30839?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.