Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен

Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен

ABONE OL
15 Ağustos 2023 21:21
Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

 

 

 

Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен

2023 , шаҳри Душанбе

 

 

 

 

14 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

 

 

 

Дар ин зимн Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ имкониятҳои васеи рушди робитаҳои судмандро доранд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тақвияти минбаъдаи муносиботи созандаи миёни ду кишвар буда, соҳаҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика чун манбаи рушди “энергияи сабз”, илму маориф ва технологияҳо, масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҳарду ҷониб медонад.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон муҳокима гардиданд.

 

 

 

 

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии кишварҳои минтақаи мо ва Олмон мусоидат хоҳад намуд.

Ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31237?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.