Мулоқот бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) хонум Катерин Рассел https://t.co/p1XNgjtZap
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 25, 2023
Мулоқот бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) хонум Катерин Рассел
.2023 , Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи “Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид – 2023” дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид хонум Катерин Рассел мулоқот намуданд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид давоми 30 соли шарикӣ баррасӣ гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ ҷиҳати ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат ва фарогир, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдакро яке аз самтҳои муҳими робитаҳои муштараки босамар арзёбӣ намуданд.
Мудирияти захираҳои об ва ҳамзамон татбиқи Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мутобиқат мекунад, аз ҷанбаҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.
Сарвари давлат ба роҳбарияти Хазинаи кудакони Созмони Милали Муттаҳид барои дастгирӣ дар давраи пандемияи COVID-19 ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос карданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва наврасонро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ медонад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” мисоли равшани ин гуфтаҳост.
Ҷонибҳо зимни мулоқот ҳамчунин масоили ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз зӯроварӣ дар оила, ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон ва нисбати ноболиғон содиршуда, ҳифзи ҳуқуқи кудакони осебпазир ва маъюбро баррасӣ карданд.
Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи Созмони Милали Муттаҳид
kaynak:http://www.president.tj/node/30291?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Мулоқот бо мудири иҷроияи Хазинаи кудакони СММ (ЮНИСЕФ) хонум Катерин Рассел https://t.co/p1XNgjtZap
— Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон (@presstj) March 25, 2023
Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.