Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич

Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич

ABONE OL
8 Nisan 2023 20:55
Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

Мулоқот бо Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачич
08.04.2023 , шаҳри Душанбе

8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар ҳастем.

 

 

 

 

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, инчунин технология, сайёҳӣ ва кишоварзӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин зимн ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ, аз ҷумла соҳаи маориф ва илм ҳамчун самти ояндадори муносибатҳои Тоҷикистону Сербия арзёбӣ гардид.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30472?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Bu yazı yorumlara kapatılmıştır.


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.