Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
  • Tacikistan Gazetesi
  • Dünya
  • Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

ABONE OL
14 Eylül 2023 11:14
Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
0

BEĞENDİM

ABONE OL

 

 

 

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев
14.09.2023 , шаҳри Душанбе

 

 

 

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, мулоқот карданд.

 

 

 

 

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масоили шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии кишварҳо, ҳамчунин рӯзномаи чорабиниҳои сатҳи олӣ, ки рӯзҳои 14 ва 15 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои мубрами робитаҳои дуҷониба, ҳамкорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла имкониятҳои афзоиши ҳаҷми гардиши молро муҳокима намуданд.

 

 

 

Аз робитаҳои самарабахши доираҳои соҳибкории ду кишвар ва натиҷаҳои Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон, ки чанд рӯз пеш дар Тоҷикистон баргузор гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

 

 

 

Дар рафти мулоқот, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба робитаҳо дар сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон
facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/31462?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 


HIZLI YORUM YAP

SON DAKİKA HABERLERİ

Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.