Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов
2023 , шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол миёни ду кишвар зикр гардид. Дар ин раванд гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора карданд. Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои тавсеаи табодули фарҳангиву гуманитарӣ иброз доштанд.
Сарвари давлати мо аҳаммияти кори фаъоли Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро ҷиҳати дастрасӣ ба ҳадафҳои таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Узбекистон таъкид карданд.
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Ҷонибҳо дар мавриди талошҳои муштарак ҷиҳати пешбурди пайвастаи тамоми маҷмӯи равобиту ҳамкорияшон изҳори омодагӣ намуданд.
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/31118?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов https://t.co/29UB7mtLPM pic.twitter.com/DMc2ePyClB
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) July 25, 2023
Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.