Суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 https://t.co/W4Y7SOlNHt
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 25, 2023
Суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023
.2023 , Иёлоти Муттаҳидаи Амрико
Олиҷанобон,
Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Муҳтарам Раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид,
Иштирокчиёни муҳтарам,
Дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.
Мо ба хотири баррасии яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, ҷамъ омадем.
Об дар ҳақиқат ҳам сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам аст. Бинобар ин об қудрати муттаҳидсозии ҳамаи моро дорад.
Мо зарурати ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк мекунем.
Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамчун мизбонони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо ҳамаи шумо ҳамкории хуб доштанд.
Бинобар ин мо дар масоили об шарикони воқеӣ гардидем, ки арзишҳои ҳамсонро доро буда, гардиши пурраи обро аз сарчашмаи он то баҳр муаррифӣ мекунем.
Чуноне, ки мо аз кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд масъалаҳои ин гардишро баррасӣ намудем.
Ин аст қудрати бузурги об, ки қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.
Дар ҳақиқат ин Конфронс ҷаҳонро муттаҳид сохт.
Биёед мо дар атрофи об муттаҳид бошем!
Биёед ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем!
Гарчанде ин Конфронс дар давраи миёнаи татбиқи Даҳсолаи амал оид ба об барои рушди устувор доир мегардад, ба назари мо, ин оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад.
Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.
Ҳама ӯҳдадориҳои шумо дар Рӯзномаи амалиёти об ворид карда шуданд.
Мо аз ин ӯҳдадориҳо истиқбол карда, пайгирии татбиқи васеи онҳоро зарур мешуморем.
Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват менамоям.
Барои ҳузуратон бо мо дар шаҳри Ню-Йорк ва барои шарикии дастаҷамъона изҳори сипос менамоям.
Итминон дорам, ки ҳамаи мо имрӯз аз ӯҳдадориҳои гирифтаамон ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтем.
Якҷоя мо ба ин мақсадҳои наҷиб ноил хоҳем гашт!
Маводҳо доир ба мавзӯъ:
Маводи дигар вобаста ба мавзӯъи Созмони Милали Муттаҳид
facebooktwitter
kaynak:http://www.president.tj/node/30293?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter
Суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 https://t.co/W4Y7SOlNHt
— Emomali Rahmon (@EmomaliRahmonTJ) March 25, 2023
Veri politikasındaki amaçlarla sınırlı ve mevzuata uygun şekilde çerez konumlandırmaktayız. Detaylar için veri politikamızı inceleyebilirsiniz.